Шифохонаи парастории ҳамшираҳои шафқат. ш.Душанбе (кучаи Фирдавси 86). Соли 1998 бо фармони Раёсати тандурустии ш.Душанбе №5-5 аз 01.02.1998 таъсис ёфтааст. Шифохонаи номбурда муассисаи табобатию профилактикии мустақил буда ба ҳайати муассисаҳои табобатии Раёсати тандурустии ш.Душанбе дохил мешавад. Шифохона аз 80 кат иборат мебошад (60 кат барои калонсолон 20 кат барои кудакони аз синни 5 сола боло). Шифохонаи номбурда ёрии тиббии барқароркуни ба шахсони камбизоат, танҳо, нафақахурон, бемороне, ки ба гирифтории бемориҳои давомнок ва беморихои табобатнашавандаи, ки ба кумаки паллиативи мухточ мебошанд бистари карда мешаванд. Ҳамаги воҳидҳои кори 93,0: духтурони маслиҳатчи- 3, ҳамшираҳои тибби — 39,5, ҳамшираҳои хурд – 28,5 коркунони хоҷагидори -22,0.
Роҳбарон: Шукурова Зулфия Абдусаломовна диретор
Искандарова Зебо Анваровна хамшираи калони шифохона, Насридинова Майрам сармухосиби шифохона, Давлатова Дилбар нозири шуъбаи кадрхо, Гуриев Далер иктисодчиии шифохона, Сафаров Сафар хукушинос.
Шифохона аз як бинои ду ошёна, амборхои хочагдори ва тибби, ошхона, буғхона, ҳуҷраи посбонон, хучраи безараргардони ва чомашуйхона(прачечная) иборат мебошад.
Сахнаи хавли бо гулхо ороиши, дарахтони мевадор ва дарахтони сояафкан ороста карда шудааст.
Кормандони асосии ШПХШ кормандони дорои маълумоти миёнаи тибби мебошанд.