Бемориҳои меъдаю рӯда (дарунравӣ)

Бо фарорасии фасли тобистон авҷи бемориҳои сироятӣ ба мисли бемориҳои домана, исҳоли хунин, салманелёз ба чашм мерасад. Сабаби хуруҷи бемориҳои дарунравӣ он аст, ки бактерияҳои чӯбчамикробҳои зараровар, стафилакокҳо, стрептококҳо, диплакокҳои дар гирду атроф буда, ба организми одамон ворид шуда, зарари худро мерасонанд ва ба бемориҳои шадиди меъдаю рӯда шахсро мубтало мекунанд.

  • Роҳҳои гузариши ин бемориҳо: ба ин беморӣ ба воситаи алоқа бо бемор, ё ин ки бо шахси ҳомили ин беморӣ гирифтор шудан мумкин аст, инчунин ҳангоми истифодаи косаю табақи ин беморон ангезандаи ин бемориҳо метавонанд, ба воситаи об ба организми одамони солим ворид шаванд.
  • Об дар кадом сурат сироят мекунад? Дар ҳолате, ки дар лаби ҷӯю ҷӯйборҳо ҳоҷатхонаҳо ва ахлотпартов созанд, инчунин об ба воситаи пашшаҳо низ сироят мешавад. Дар вақти аз қубури зеризаминӣ дар сатил об гирифтан, бояд даҳонпӯши онро маҳкам кунем, то ин ки пашшаҳо сироят накунанд. Боз ин бемориҳо дар натиҷаи риоя накардани гигиенаи шахсӣ пайдо мешаванд, яъне барангезандаи ин бемориҳо ба организм ворид шуда, зарари худро мерасонад. Дар фасли гарми ҳаво барангезандаҳои бемориҳое, ки дар боло зикр кардем, дар гирду атроф зуд афзоиш меёбанд ва сабаби сар задани ин бемориҳо мешаванд. Ғизое , ки муҳлати истифодабариаш гузаштааст низ метавонад сабаби пайдоиши ин гуна бемориҳо гардад.
  • Сабаби дарунравии кӯдакон дар чист? Сабабаш нодуруст ғизо додани кӯдакон мебошад, ба ҷои шири модар ба кӯдак хӯрокҳои серғизо ва сахт медиҳанд, ки ба бемории дарунравӣ меоварад, чунки кӯдакон барои ҳазм кардани ин гуна ғизо тайёр нестанд.

Аломатхои беморӣ[вироиш]

Давраи ниҳонии бемории шадиди меъдаю рӯда аз якчанд соат то 3-6 шабонарӯз мебошад. Беморӣ нохост сар мешавад — бо дамиши шикам, дарди шикам, беҳолӣ, баландшавии ҳарорати бадан, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва дарунравии тез-тез. Дар бемории салмонелёз ранги наҷосот сабзи сиёҳчатоб бо парда ва дар бемории исҳоли хунин бошад, бо парда ва хун, дар дигар бемориҳои дарунравӣ ва бемориҳои шадиди меъдаю рӯда наҷосот тез-тез 10-15 маротиба буда, зард ва тунук мегардад, фишори хун паст мешавад, набз тез- тез мезанад. Даҳонлабон ва пӯсти бемор хушк мешавад, дар натиҷа ӯ ба оризаҳо гирифтор мешавад. Садамаи гиповалемӣ, ин яъне камшавии оби бадан пайхас карда мешавад. Дар вақти дарёфти ин гуна аломатҳо ҳатман доруи регидронроистифода баред ва ба духтурони ҷои зист муроҷиат намоед.

Пешгирӣ[вироиш]

Дар вақти пайдошавии ин гуна бемориҳо ҳатман беморро ба мутахассисон нишон дода, аз табобати дуруст истифода баред, косаю табақи ӯро ҷудо кунед. Агар духтури ҷойи зист тавсияи дар беморхона бистаришавӣ диҳад, рад накарда, табобати статсионарӣ гиред. Тозагии худ ва гирду атрофи хонаатонро риоя кунед. Ҳама вақт дастонатонро бо собун шӯед. Аз оби ҷӯшонидашуда истифода баред, ҳоҷатхонаҳо ва ахлотпартовҳоро аз назди ҷӯйборҳо дур кунед, бо пашшаҳо мубориза баред, меваю сабзавотро шуста, баъд истифода баред, обҳои дар зарф бударо бо сарпӯш маҳкам нигоҳ кунед. Ҳар шахс мувофиқи талаботи маркази санитарии эпидимиологӣ бояд дар 6-моҳ ё 1-сол як бор аз муоинаи тиббӣ гузарад.

Автор записи: admin

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *